Муқоиса ва конверсияи системаҳои хаттии забонҳои тоҷикӣ-форсӣ
 
   
РусскийEnglish
 
       
 
Электронные редкие книги

Меҳмонони гиромӣ, ба Шумо рӯзи хуш ва табъи болида мехоҳем!

Шумо дар яке аз саҳифаи лоиҳаи системаҳои хаттии забонҳои тоҷикӣ-форсӣ қарор доред. Дар лоиҳаи мазкур маълумотҳои асосӣ дар бораи омилҳо, мақсад ва вазифаи чунин системаҳо, дастовардҳои ҷорӣ ва интошороти мо дар ин соҳа оварда шудаанд.

Саволҳо, хоҳиш ва пешниҳодоти худро шумо метавонед бо почтаи электронӣ ба мо равон кунед ва ё дар дафтари меҳмонон сабт намоед.

 
       

Гуруҳи лоиҳакашон:

Наверх
 
  Роҳбари илмӣ (илмҳои риёзӣ):   Роҳбари илмӣ (илмҳои филологӣ):

Усманов Зафар Джураевич

 
Искандарова Дилоро

Академики АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор

Усманов Зафар Ҷураевич

CV
 

Доктори илмҳои филология, профессор

Искандарова Дилоро Мукаддасовна

Таъминоти математикӣ ва алгоритмӣ:   Таъминоти лингвистикӣ ва иттилоъотӣ:

Гращенко Леонид Александрович

 
Фомин Алексей Юрьевич

ҳамкори институти математикаи АИ ҶТ,

Грашенко Леонид Александрович

CV
 

ҳамкори институти математикаи АИ ҶТ,

Фомин Алексей Юрьевич

CV
 
Омилҳои таърихӣ: Наверх
 
Ҳодисаҳои таърихие, ки асрҳои XIX – XX дар Осиёи Миёна ва Шарқи Миёна рух додаанд, ба он оварда расониданд, ки гурӯҳҳои зиёди халқиятҳои форсизабон бо марзҳои давлатҳои навбунёд, ба монанди Эрон, Афғонистон в Тоҷикистон аз ҳам чудо шуданд. Аз ин сабаб забони ягонаи форсӣ низ аз ҷиҳати лингвистӣ ба се қисм чудо шуд. Форсӣ - дар қаламрави Эрон, дарӣ - дар Афгонистон ва забони тоҷикӣ дар аввал дар як қисми Империяи Руссияи қаблӣ, баъдан дар СССР, айни замон дар қаламрави Тоҷикистон ва баъзе аз вилоятҳои Узбекистон ва Кирғизистон истифода бурда мешуд.
Дар давраи муайяни таърихӣ забони форсӣ ба таъсироти омилҳои беруна нисбат ба забони дарӣ устувортар боқи монд. Ҳол он ки забони дарӣ таҳти таъсири забони англисӣ қарор гирифт. Аз забони англисӣ бисьер калимаҳо ва вожаҳо ба забони дарӣ гузаштанд. Дар Айни ҳол ҳамин ду забон яке аз таркиботи асосии ягонагии худ – имло дар асоси хатти арабиро нигоҳ дошта тавонистанд. Ташаккулёбии забони ҳозираи тоҷик бисёрзина ва хело мураккаб сурат мегирифт. Марҳилаи аввали ташаккулебии ин забон аз дохилшавии Осиёи Миёна, аз он ҷумла маҳалҳои тоҷикнишин ин минтаќа ба Империяи Русия оғоз меёбад. Дар ин марҳила тоҷикон бо забони тозаи форсӣ сухан мегуфтанд ва хатти арабиро истифода менамуданд. То асри XIX забони тоҷикӣ-форсӣ ҳамчун забони расмии мукотиботӣ, коргузории давлатӣ ва судӣ дар байни хонигариҳои мусулмонӣ истифода мешуд.
Марҳилаи дуввуми ташаккулёбии забони тоҷикӣ аз соли 1929 оғоз меёбад. Дар ин давра забони тоҷикӣ ба хатти лотинӣ гузашт, ки ин такони сахте буд барои ин забон. Дигаргуниҳои қабул шуда натиҷаи дилхоҳ надоданд. Лекин ҳамзамон ин омил ба аз ҳам дуршавии забонҳои форсӣ сабаб шуд.
Соли 1940 забони тоҷикӣ боз як гузаришро ба хатти нав дар асоси ҳуруфи кириллӣ аз сар гузаронид. Ин амал натиҷаи пешравии босуръати сохти социалистӣ буд, ки афзоиши маълумотнокии системаи маорифи халқро талаб мекард. Пешравии илм, адабиёт ва санъат бо тақозои замон яке аз вазифаҳои муҳимми ҷамъият ҳисобида мешуд. Хусусиятҳои асосии ин давра аз он иборат буд, ки тоҷикон ба маданияти халқи рус ворид шуда ба воситаи он ба урфу одат, таърих ва маданияти халқҳои дигари шўравӣ ва тамаддуни башарӣ ҳамроҳ мешуданд. Халќи тоҷик аз карахтии бисёрасра бедор шуда ба давраи пешрафти илмӣ-техникӣ ворид гашт. Дар ин давра тоҷикон аз мероси таърихию фарҳангии бои худ, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ба андозае дур шуданд. Дигаргуниҳои мазкур ҳамчунин сабаби ҷудошавии тоҷикон аз бародарони форсизабон ва ҳамфарҳанги худ гаштанд. Фарқияти принципиалии хатти арабӣ ва кирилӣ ба он оварда расонид, ки ба аксарият мардуми оддии Эрон ва Афғонистон таҷрибаи бои чандинасраи тоҷикон ва муваффақиятҳои онҳо дар замони шуравӣ дастнорас монд. Дар навбати худ аксарияти тоҷикон аз шиносоӣ бо маводҳое, ки дар матбуоти даврии давлатҳои мазкур ба чоп мерасиданд, бенасиб монданд.
Бо сабабҳои мазкур кӯшиши зиёиёни тоҷик дар арсаи аз нав эҳьё гардондани нозукиҳои забони тоҷикӣ чун яке аз шохаҳои забони қадимии эронинажод, ба мо фаҳмост. Ва қонуни забон, ки соли 1999 дар ҶТ қабул шуд, дар ин ҷода як дастгирии назаррасе ба шумор мерафт. Дар асоси ин қонун забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт. Хамин тариқ аз соли 1991 давраи чоруми ташаккулёбии забони тоҷикӣ оғоз меёбад. Дар ин сол Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт. Ин марҳила марҳилаи дар асоси такомули нозукбинонаи хатти имрўз истифодашаванда наздик шудан ба забонҳои бародарони ҳамхуни Эронӣ ва Афѓонии худ мебошад. Лекин роҳбарияти давлати Тоҷикистон хуб дар ёд дошт, ки таҳаввулоти таърихӣ натиҷаҳои вазнин ва ногуворе ба забони тоҷикӣ ворид карда буданд. Аз ҳамин сабаб истилоҳот ва вожаҳои нав дар забони тоҷикӣ хеле эҳтиёткорона қабул карда мешаванд. Мисол, ба наздикӣ дар таркиби алфавити кириллӣ як дигаргуние ҷорӣ шуд. 4 ҳарфе, ки ба талаффузи забони тоҷикӣ хос нест, аз байн бурда шуд. Кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки баъзе калима ва вожаҳое, ки аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ гузаштаанд, ба забони тоҷикӣ тарҷума шаванд, ё ки аз ба вожаҳои забони форсӣ иваз карда шаванд.
Дар ояндаи таърихӣ наздикшавии давлатҳои форсизабон ногузир аст. Ва ин наздикшавӣ ба суръатфизоии мубодилоти ҳуҷҷатҳо дар сатҳи олӣ ниёз дорад , ки таъмингари ҳамкории судманд дар соҳаи иқтисодиёт, маданият, илм ва техника, иттилоъот, матбуоти расмӣ ва таҷрибаивазкунии илмӣ-техникӣ шуда метавонад. Бо ташаккули муҳити телекомуникатсионии байналмилалӣ, хусусан Интернет, фарқият дар хат ва имло метавонад садди муоширати электронии шаҳравандони ин мамлакатҳо гардад. Ва ҳамин тафриқа ангезандаи назарияи гузаштани Тоҷикистон ба хатти форсӣ, ва Эрон – ба алфавити лотинӣ ба шумор меравад.
 

Вазифа ва мақсади лоиҳа: Наверх
 

Максад: баланд бардоштани сатҳи ҳамкории маданӣ ва фарҳангии тоҷикӣ-форсӣ дар асоси ҷорӣ намудани васоити муфиди конверсияи матнҳо. Ичунин тартиб додани заминаҳо барои коркарди системаҳои тарҷумаи мошинии форсӣ-тоҷикӣ-русӣ.

Вазифаи илмӣ: коркарди асоси математикӣ ва алгоритмӣ барои сохтани системаҳои автоматизационии перспективии конверсияи матнҳо аз забони тоҷикӣ ба забони форсӣ.

 

Дастовардҳои феълӣ: Наверх
 

То ин замон прототипи системаи автоматизацияшудаи конверсияи хатти забонҳои тоҷикӣ-форсӣ коркард шудааст. Ин система имконият медиҳад, ки 95% матн дуруст конверсия шавад.

Функцияҳои асосии дар система татбиқ шуда:

    • Ба таври автоматикӣ дарёфт намудани исмҳои хос ва аббревиатурахо.
    • Ташбеҳи калимаҳое, ки нобоварона конверсия шудаанд;
    • Конверсияи опционалии рақам ва рамзҳои хизматӣ;
    • Ташхис ва коверсияи ҷудогонаи истилоҳот ва вожаҳои аз забонҳои арабӣ ва аврупоӣ қабул шуда.

Поёнтар screenshot системаи мазкур оварда шудааст.


 
  Адабиёт дар мавзўи: Наверх
 

1. Усманов З.Д., Гращенко Л.А., Фомин А.Ю. Информационные основы автоматизированной таджикско-персидской транслитерации // Известия АН РТ - №1(130) – 2008 г. – С. 20-26.
2. Гращенко Л.А. Алгоритм формирования словаря соответствий таджикских и персидских словоформ // Доклады АН РТ – том 51, №5 – 2008 г. – С. 339-345.
3. Гращенко Л.А., Фомин А.Ю. Опыт реализации средств таджикско-персидской конверсии графических систем письма // Доклады АН РТ – том 51, №8 – 2008 г. – С. 580-583.
4. Гращенко Л.А. Концептуальная модель таджикско-персидской конверсии графических систем письма // Доклады АН РТ – том 52, №2 – 2009 г. – С. 111-115.

Наш проект в СМИ:

  1. 25 ноября, статья в НИАТ "Ховар".
  2. 11 декабря 2008 - статья в газете "Дайджест"
  3. 12 декабря, статья в ИА "Азия-плюс."
  4. 15 декабря - репортаж МТРК "МИР". Ролик можно скачать тут (3.22 MB)
 
 

Оғози лоиҳа: 06.11.2008 с.

Тахрири охирин: 11.07.2010 с.